Табрикоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бохтар, муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин бахшида ба иди «Рӯзи модарон»

Модарону хоҳарони азиз!
Ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми занону модарони шаҳри Бохтарро аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба муносибати яке аз беҳтарин идҳо – иди «Рӯзи модарон» самимона табрику таҳният гуфта ба хонадони Шумо ободиву осоиш ва саодату хушрӯзи орзу менамоям.
Модарони азиз ва хоҳарони гиромӣ! Шуморо бо назокату зебоии Баҳорӣ оламафрӯз шабоҳат дода, оид ба бузургию офарандагии Шумо шоирону нависандагон асарҳои зиёде навиштаанд. Дар домони сабзи табиат Шумо монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хосса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед.
Табиист, ки ҳамасола бо оғози фасли баҳори оламафрӯз ҷашни «Рӯзи модар» таҷлил шуда, бо эҳтирому самимият ва садоқати беандоза нисбати лоиҳаи зиндагӣ Зан-Модар ҳамагон ба табрикоти Шумо мешитобем.Чунки давомдиҳандаи умри одамӣ, ганҷинаи меҳру муҳаббати самимӣ, пайдоиши тамоми зебоиҳо, дӯст доштани ватан ва меҳри зиндагӣ аз вуҷуди Шумо модарони азиз ба қалби якояки мо мегузарад.Шумо бузургтарин касоне ҳастед, ки тамоми мавҷудоти олам дар назди меҳру муҳаббати беолоишу ҷонбахшатон сар фуруд меоранд. Аз ин лиҳоз иди «Рӯзи модарон» яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди ҳамагон мебошад.
Воқеъан, бо оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзиву таровати онро дучанд меафзояд.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Президенти кишварамон Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занон хело ҳам муҳим арзёби гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон пайваста тадбирҳои судмад роҳандозӣ мегардад.
Модарон ва бонувони арҷманд!
Бузургии зан – модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камол расонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Яке аз рисолате, ки ба дӯши занон вогузор гардидааст, ин ба воя расонидани фарзанд мебошад ва ин рисолатест, ки модари тоҷик аз ӯҳдаи он баромада, мардони бофазилату соҳибхирад ва далеру шуҷоъро тарбия намуда ба воя расонидааст.
Аз масири таърих ба ҳамаи мо маълум аст, ки бузургони миллати мо ҳама зодагони модаранд ва аз шири сафеду поки модар ғизои моддию маънавӣ гирифта, барои миллату давлати хеш корҳои босазоеро барои ояндагон мерос гузоштаву имрӯз ҳам ҷаҳду талошҳо намуда истодаанд.
Ба ин маънӣ занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқӣ ҳамида кӯшиш намуда, офаранда ва беҳтарин тарбиятгар мебошанд. Занону модарони арҷмандамон рисолати ҳамешагии хеш – тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли наврасро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонида истодаанд, то онҳо тавонанд парчамбардори ватан, нангу номуси миллӣ ва ҳимоятгари он бошанд.
Аз ин лиҳоз фарзанди тандурусту солимфикр ва тарбияи комили падару модарро гирифта, ҳамеша ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таърихи тамаддуни миллат расида, доимо хештаншинос ва муҳофизатгари арзишҳои миллӣ мебошад.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем.
Пешвои муаззами миллат дар бораи зан модар гуфтаанд: «Ҳамду сано ба зан – модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст» ва воқеан ҳам зан модар идомадиҳандаи насли инсоният буда, меҳру муҳаббат ва нафосату зебоияш ҷаҳонро равшану мунаввар месозад.
Модарони азизу бузург ва хоҳарони меҳрубон бори дигар ба Шумо хонаи ободу тани сиҳат ва комёбию бурдбори дар зиндагӣ ва корҳои давлатиатон таманно намуда, баҳри иҷрои ҳамин умеду орзӯҳои нек, Шумо – модарону хоҳарон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукӯҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврӯзи фархундапай рӯзгори пур аз баҳору хуррамӣ ва музаффариятҳоро орзу дорам.
Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

You may also like...