БА ЗАҲМАТИ ЗАН – МОДАР АРҶ МЕГУЗОРЕМ!

Субҳи имрӯз ҷавонони пешоҳанги ТҶ “Пайравони Пешвои миллат”- назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар ҳудуди шаҳр аксияи идона таҳти унвони “Ба заҳмати зан – Модар арҷ мегузорем” роҳандозӣ намуданд.

Гурӯҳи ҷавонон ба қисме аз занону модарони роҳруб ки субҳи барвақт баҳри тозаву озода гардонидани кӯчаву гулгашт аз барфрезии шабонарӯзи охир ба кор баромадаанд, ба онҳо қаҳваи гарм дастрас гардида, дар тоза намудани барф аз гузаргоҳҳо кӯмак намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи модар туҳфаҳои идона тақдим гардид.

 

 

 

You may also like...