Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар ба 11 нафар ятимони кулли шаҳр кӯмаки моддӣ расонид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дасти ёри дароз кардан ба ятимон ва барҷомондагон нимаи дуюми рӯзи 5 майи соли ҷорӣ аз ҷониби сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар, Нурзода Усмоналӣ ба 11 нафар ятимони кулли шаҳри Бохтар маводҳои ғизои аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар расонида шуд.

You may also like...