ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗӢ ОЛАМАФРӮЗ

Санаи, 24 марти соли равон дар майдони Нишони маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони шаҳри Бохтар, расму оинҳои мардуми, дастархони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ва дигар намуди хӯрокҳои миллӣ, аз тарзи омода намудани таомои миллӣ, ҳунарҳои заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, намадбофиву сабадбофӣ, карнайнавозӣ, думбранавозӣ, дойранавозӣ ва рақсу бозиҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки оғози чорабинии бошукуҳи ҷашни Наврӯзро таҷассум менамуд, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, меҳмонон аз вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон ва роҳбарону фаъолон бо як руҳу илҳоми идона дидан намуданд.

Идомаи чорабинии бошукуҳи ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар майдони варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғати ҷашн гирифта шуд.

Сараввал раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ҳамагонро бахшида ба ҷашни Наврӯз табрику муборакбод намуда, ёдоварӣ аз ташаббусҳои неку созандаи роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати мақому нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз, изҳор дошт, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Сипас, Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода доир ба сунату анъанаҳои неки ниёгонамон суханронӣ намуда, ба муносибати тантанаи ҷашни Наврӯзи аҷам ҳозиринро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шаҳрро табрику таҳният намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ аҳли фарҳанги шаҳри Бохтар барномаи идонаи Наврӯзиро пешкаши меҳмонону иштирокчиён намуданд.

You may also like...