БАРГУЗОРИИ НАМОИШ – ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ТАЪОМҲОИ МИЛЛӢ ВА БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГИВУ АДАБИИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 20 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар доираи нақша чорабиниҳо намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ барои сокинону меҳмонони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Бек Хол, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро, Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Гуреззода Умед иштирок намуданд.

Боиси қайд аст, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабиии сокинони шаҳри Бохтар тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ баргузор гардид.

Роҳбарият ва сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе минатдори худро ҷиҳати ташкили чорабинӣ ба фаъолону сокинони шаҳри Бохтар, хусусан роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баён намуданд.

Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ, раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Гуреззода Умед ба Раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо тақдим намуд.

You may also like...