КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ПИРЯХҲО МАНБАИ АСОСИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ”!

Санаи 11 апрели соли 2023 таҳти унвони “Пиряхҳо манбаи асосии захираҳои обӣ” дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар тибқи нақшаи муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва бахшҳои маорифу ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори Конференсия, И.в раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ёқубзода Сарфароз, намояндагони ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва ҳифзи муҳити зисти шаҳр, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шарифзода Шаъмигул ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, директорону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Конференсияро И.в раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025-“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд.

Инчунин  И.в раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло зимни баромади худ гуфт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.

Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, рӯзи 21 март рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо пазируфта шуд.

Зикр шуд, ки сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазируфта шудани пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Сипас, тибқи барномаи Конференсия омӯзгорон дар мавзӯҳои Ҳифзи пиряхҳо мароми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кам гаштани захираҳои обӣ-мушкилоти глобалии сайёра, Зулолу ҷофизо аст оби тоза, Ҳифзи пиряхҳо дар беҳсозии манбаҳои обӣ маърӯза намуда, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо шеърҳо, саҳначаҳо, суруду тарона пешкаш намуданд.

You may also like...