ДАР АРАФАИ РӮЗИ МОДАР ДАВЛАТАЛӢ САИД БА АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ РАФТАНД

Имрӯз, 7 март, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар арафаи Рӯзи модар ба аёдат ва табрики собиқадори меҳнат дар шаҳри Бохтар Қурбонова Мавлуда рафтанд.

Нахуст раиси вилоят аз сиёсати ғамхорона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони рӯзгор ва шахсиятҳои пешқадам бохабар гардида, онҳоро дастгирӣ менамояд.

Давлаталӣ Саид ба манзили Қурбонова Мавлуда ташриф оварда, бонуи иззатмандро ба ифтихори ҷашни фархунда – Рӯзи Модар самимона табрик намуда, ба он кас саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуданд.

Таъкид гардид, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст. Инчунин, бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.

Мавлуда Қурбонова 24-уми декабри соли 1951 дар шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) таваллуд шуда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соли 1976 корро дар беморхонаи шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба ҳайси духтури амрози занона оғоз менамояд.

Солҳои 1984-1989 дар вазифаҳои мудири шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи шаҳри Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар), сипас дар беморхонаи вилоятӣ мудири шуъбаи бемориҳои занона кору фаъолият кардааст.

Соли 1999 дар беморхонаи шаҳрӣ шуъбаи таваллудро кушоданд аз ҳамон сол Мавлуда Қурбонова то соли 2008 вазифаи мудири шӯъбаи мазкурро ба уҳда дошт. Алҳол ба нафақа баромадааст, аале дар хона низ беморонро қабул намуда, барои пешгирии бемориҳо тавсия медиҳад.

Мавлуда Қурбонова собиқаи беш аз 40-сола дошта, хизматҳои бисёрсолаи ӯро ба назар гирифта, бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаааст. Тавассути меҳнати ҳалолаш бо ҳурмату эҳтироми мардум сазовор шудааст. Ӯ духтури дараҷаи олӣ буда, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оилаи Қурбоновҳо оилаи табибон мебошад. Ҳамсараш Қурбонов Уктам Ҳаитович низ зодаи шаҳри Қурғонтеппа буда, 48 сол дар соҳаи тиб ҳамчун асабшинос фаъолияти пурсамар кардааст.

You may also like...