ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Имрӯз, 7-уми марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки занони фаъоли шаҳр дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.

Муминзод Абдулмаҷид иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, зимни суханронии худ ҳамаи занону бонувонро бахшида ба Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ва шинохти қадру манзалати модар вазифаи инсонии ҳар фарди худогоҳ буда, маҳз ҷозибаи ҷонбахши модар, меҳру самимияти гарм ва ғамхории пайвастаи модарон ва хоҳарони мо зиндагиро нуру зиёи хоса мебахшад. Истиқлолӣ давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохт ва эҳтироми зан-модар қайд менамоянд: «Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан – модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво мебошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуда ва як қатор занони фаъоли шаҳр бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

You may also like...