Тарҷумаи ҳол

МУМИНЗОД АБДУЛМАҶИД МУБИН

Санаи 30 январи соли 2024 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин гардид.

Муаррифнома:

Соли таваллуд 07 майи соли 1979

Ҷои таваллуд ноҳияи Вахш

Миллат тоҷик Маълумот олӣ

соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст

Донишҷӯи соли охири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ихтисос иқтисодчӣ менеҷер

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2001-2003 – Муҳосиби корхонаи масъулияташ маҳдуди «Султони Кабир»

Солҳои 2003-2006 мутахассиси пешбар, сармутахассиси Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2011 – Сардори шуъбаи дастгирии соҳибкории Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2014 – Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2016 – Сардори шуъбаи ташкили назорати арзӣ, арзиши гумрукӣ ва имтиёзҳои тарифии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2016-2019 – Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2019 – 2024 – Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 30 январи соли 2024 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар кор ва фаъолият мекунад