Таҷлили Рӯзи матбуот дар шаҳри Бохтар  

 Имрӯз 11-уми март дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар, рӯзи матбуот таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ, Анзурат Абдусаломова, муовини раиси вилояти Хатлон, собиқадорони соҳа, сармуҳарирон ва рӯзноманигорони нашрияҳои ҳудуди вилоят ширкат намуданд.

Чун ҳамешагӣ намоиши, дастоварду навгониҳои рӯзномаю маҷаллаҳои фаъолияткунандаи ҳудуди вилоят ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Анзурат Абдусаломова, муовини раиси вилояти Хатлон, дар намоиш ширкат намуда аз дастовардҳо ва намои зоҳирии рӯзномаю маҷаллаҳо, ҳамчунин аз доираи фарогирии мавзуъ ва мазмуни онҳо дидан намуда барои бозҳам баланд бардоштани сифати мазмуну муҳтавои он ба масъулон дастуру пешниҳодҳо дод.

Қисмати дигари чорабинӣ, дар толори хурди Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ идома ёфт. Дар ин қисмат, Анзура Абдусаломова, муовини раиси вилояти Хатлон, бо суханони табрикӣ, аҳли қаламро шодбош гуфта аз рушду инкишофи матбуоти даврии ҳудуди вилояти Хатлон, дар замони истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ кард. Зикр шуд, ки ВАО-и вилоят дар ҳифзу манфиатҳои миллии кишвар саҳми арзишманд доранд. Дар замони истиқлолият ошкорбаёнӣ нисбат ба давлатҳои хориҷ дар Тоҷикистон хеле пешрафта гардидааст. Таҳоҷумҳои иттилоотӣ аз рӯзноманигорон тафаккури васеъ, ҷасорату далерии касбиро тақозо мекунад. Ҳамчунин қайд, шуд, ки матбуоти тоҷик аз замони пайдоиш то кунун барои пешравии ҷомеаи кишвар, инкишофи донишу заковати шаҳрвандон, эҳёи дубораи забони ноби тоҷикӣ хизматҳои арзишманд намудааст. Сипас, иштирокчиёни озмуни вилоятӣ “ Нерӯи Сухан”, ки байни нашрияҳои ҳудуди вилояти Хатлон, эълон шуда буд ҷамъбаст гардид. Ғолибони озмун бо диплом, мукофотпулӣ, ифтихорномаю сипосномаи раиси вилояти Хатлон, қадрдонӣ гардиданд. Дар ин баробар, рӯзномаю маҷаллаҳои фаъол, рӯзноманигорони фаъол, қадрдонӣ шуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ собиқадорони соҳа, қаламкашони вилоятро ба рӯзи идашон табрик намуд.

 

 

You may also like...