АЁДАТИ  МОДАРИ 100-СОЛА ДАР ШАҲРИ БОХТАР АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ВА ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР МУМИНЗОД АБДУЛМАҶИД

 Имрӯз, 7 март, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар арафаи Рӯзи модар ба аёдат ва табрики собиқадори меҳнат дар шаҳри Бохтар Қутбиддинова Мусафо рафтанд.

Раиси вилоят аз сиёсати ғамхорона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли пирони рӯзгор ва шахсиятҳои пешқадам бохабар гардида, онҳоро дастгирӣ менамояд.

Бояд зикр намуд, ки ин модар пагоҳ зодрӯз доранд ва ба синни мубораки 100-солагӣ қадам мегузоранд. Аз ин хотир, раиси вилоят он касро бахшида ба Рӯзи модар ва зодрӯзашон табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва саодати зиндагӣ орзу намуданд.

Қутбиддинова Мусафо (Муҳаббат) 8 марти соли 1924 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Оилаи Қутбиддинова М. пас аз муноқишаҳои сиёсӣ соли 1930 ба шаҳру Душанбе кӯч бастаанд.

Қутбиддинова Муҳабат дар синни 18-солагӣ, соли 1942 ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ бо роҳхат ба мактаби № 45-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) омада, дар муассисаи таълимие, ки аз ду ҳуҷра иборат буд, фаъолияти омӯзгориашро оғоз намуда, то синни 65-солагӣ дар мактаби мазкур кору фаъолият намудааст.

Ҳамчунин Қутбиддинова М. аъзои Иттифоқи журналистон низ будааст.

Қутбиддинова М. дар тӯли фаъолияти зиёда аз 50-солааш, ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муноқишаҳои сиёсии солҳои 1991-1992 новобаста ба хатарҳои зиёд ба ҷони хеш, аз пешаи омӯзгорӣ даст накашида, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Шогирдонаш чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд.

Соли 1985 шавҳари Қутбиддинова М. аз олам гузашта, новобаста ба бори вазбини зиндагӣ, ӯ тавонистааст, ки фарзандонро мустақилона ба воя расонида, соҳиби маълумот гардонад. Аз панҷ фарзанд (1 духтар ва 4 писар) ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ буда, 2 нафарашон омӯзгор, 1 нафар дар соҳаи бонкдорӣ ва дигар соҳаҳо кору фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон Қутбидинова М. дар шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ғайрат, кӯчаи Гулистон, хонаи № 232 истиқомат дошта, соҳиби 5 фарзанд, 24 набера, 32 абера ва 77 чабера мебошад.

 

You may also like...