ДАР ШАҲРИ БОХТАР ФОРУМ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОНРО ГИРДИ ҲАМ ОВАРД

9 июни соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки шаҳри Бохтар барои қаблуи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон омодагии ҷиддӣ дида, соҳибкорони ҳамсоякишварро бо нону намак, карнаю сурнай ва рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои дарёфти дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон Дар ин ҳамоиш 175 нафар соҳибкорон ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатии Ӯзбекистон ва инчунин беш аз 140 нафар соҳибкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сараввал, меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзии вилояти Хатлон, ки дар майдони Нишони давлатӣ, ташкил карда шуда буд боздид намуданд.

Сипас соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ташриф оварданд, ки онҷо қисмати дигари Форум идома ёфт. Дар кори Форум Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардор Умурзоқов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда, аз ҳамкории пайваста бо кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рӯ ба густариш овардани ин ҳамкориҳо изҳори хушнуди кард.

Сардор Умрузоқов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар навбати худ аз ташабусҳои наҷибу созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ситоиш намуда иброз дошт, ки умедвор аст, то дар оянда низ робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам вусъат ёбанд.

Бахтиёр Бекназаров яке аз соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз поёни кори Форум дар суҳбат ба иброз доштааст, “Интизор надоштем, ки моро ин тавр ботантана пешвоз мегиранд. Басо хушоянд аст, ки ҳамсояҳои тоҷикамон хеле самимона моро пешвоз мегиранд”.

You may also like...