ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МӮҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 26 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паём ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.

Дар вохӯрии имрӯза муовинони раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари Дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, қисман омузгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, сохторҳои ҷавонон, ходимони дин, қисман соҳибкорон, собиқадорони меҳнат ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Инчунин бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззам миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми навбатиашон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паём ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гуруҳи Вакилони Маҷлиси намояндагони, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 то 5 феврали соли ҷорӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло сафарбар гардида, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом хоҳанд дод.

Дар мулоқоти имрӯза муҳтарам Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маҷидзода Сарвиноз Комил, Ализода

Зафари Аҳмадҷон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода муовини раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Баротзода Файзулло Раҷаб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадафҳои стратегии мамлакат аз ҷумла баровардани он аз бумбасти камуникатсиони ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии бо суръати кишвар. Инчунин сиёсати дарҳои кушод дар масъалаи хатарҳои терроризму экстремизм гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нақши занону бонувон дар пешбурди мамлакат, ҳамчунин дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Пешвои муаззами миллат суханрони намуданд.

Боиси қайд аст, барои расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар дар ҳама маҳаллаҳои шаҳр ва корхонаю ташкилотҳо бо маром идома дошта ва ин иқдом низ тариқи усули “Хона ба Хона” расонидани мазмуну муҳтавоӣ Паёми Президенти мамлакат дар шаҳри Бохтар идома хоҳад дошт.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ раиси шаҳр меҳмононро ба шаҳри Бохтар ташриф оварданашон хайрамақдам гуфта бо итминони комил гуфта метавонем, ки фаъолони шаҳри Бохтар бо натиҷагирӣ аз дастурҳои навбати хулосабарорӣ намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон Toҷикистон, аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода карда, бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ, корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 35 солагӣ Истиқлолияти давлатӣ шаҳр вусъат мебахшем.

You may also like...