ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР МУҲТАРАМ БАРОТЗОДА ФАЙЗУЛЛО

Санаи 25 январи соли равон таҳти раёсати раиси шаҳр Баротзода Файзулло Раҷаб бо иштироки муовини якум, муовинони раиси шаҳр, дастгоҳи раиси шаҳр, намояндагони кумитаи замин, роҳбари КДФ “Бақайдгирии молу мулк” ва кормандони онҳо дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи кории доир гардид.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба заминҳои корам, кишти картошка, корхонаҳои саноатӣ, ҷалби соҳибкорон барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, ниҳолшинонию гӯлшинони дар маҳаллаҳою роҳраву боғҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон дар идома масъалаҳо оид ба талафоти барқ ва ҷамъоварии ҳаққи истифодабарии он инчунин ҷамъоварии хизматрасонии хоҷагии комуналӣ, масъалаҳо тамбашавии роҳҳо, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, масъалаҳо чароғонкуни роҳравҳо, савдои кӯчагӣ, ба тартиб даровардани марказҳои савдо ва бозорҳои дохилии шаҳр, масъалаи парвариши гулҳои мавсими дар типлисаҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонӣ ва касбомӯзӣ, масъалаҳо оид ба таълимоти ғайриқонунӣ динни, пешгирии ҷавонону наврасон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор зикр гардид.

Дар идома барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуданд

You may also like...