ПРОКУРАТУРА ЯКЕ АЗ НИҲОДҲОИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРӢ

Бо мақсади табрику таҳният намудани кормандони мақомоти Прокуратура бахшида ба Рӯзи касбиашон имрӯз, 14 марти соли ҷори дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Бохтар, бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид, прокурори шаҳр Шодизода Сафархон, сардори шӯъбаи КДАМ ТҶ дар шаҳри Бохтар Шоди Ғиёсиддинзода, муовини сардори шӯъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар Файзализода Ворис вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал прокурори шаҳр Шодизода Сафархон суханронӣ намуда таъкид намуданд, ки мақомоти прокуратура яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ равона гардидааст.

Ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр муҳтарам Абдулмаҷид Муминзод дар ҳузури кормандони прокуратура суханронӣ намуда, эшонро ба Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо ёдоварӣ аз хизматҳои кормандони ин ниҳод иброз дошт, ки прокуратура яке аз ниҳодҳое мебошад, ки пайваста дар фикри иҷрои қонунҳои амалкунандаи мамлакат миёни ҷомеа мебошад.

Сипас, аз ҷониби И.в. раиси шаҳр ва прокурори шаҳр, як қатор кормандони прокуратураи шаҳрро бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

 

You may also like...