БОЗДИДИ И.В РАИСИ ШАҲР АЗ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ

Бо мақсади тақвият бахшидани рушди саноати шаҳр, имрӯз 1 феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин ва муовинони раиси шаҳр аз корхонаҳои саноатии минтақаи озод боздид намуданд.

Зимни боздид бо мутахассисони корхонаҳои саноатӣ сӯҳбату вохӯрӣ баргузор намуда вобаста ба баланд бардоштани сатҳи истеҳсолӣ маҳсулот ибрози андеша намуданд.

Ҳамзамон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фаъолияти хуби корхонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас расонида шуд.

You may also like...