Сарҳади Ватан номусу нанги ҳар ҷавонмарди ба ору номус аст!

Ҳамасола рӯзи 28-уми май, ҳамчун рӯзи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Имрӯз низ чунин як чорабинии бошукуҳ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар бо тантана таҷлил гардид.

Бо ин мақсад, Дилшод Муҳаммадҷонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, барои расонидани сухани табркии Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар ба қисми ҳарбии 0336-и қушунҳои сарҳадии КДАМ-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ташриф овард.

Дилшод Муҳаммадҷонзода, муовини раиси шаҳр тамоми ҳайати шахсии қушунро ба муносибати идашон табрик намуда гуфт, ки «Сарҳади Ватан ин номусу нанги ҳар як ҷавонмарди ба ору номуси кишвари маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Шумо ҳимоятгарони марзи номус, ҳамчун сипари шикастнопазир, бо ҷони хеш ҳар ваҷаб замини ватанро баробар сохта омодаи фидо кардани тору пуди худ ҳастед. Чунин далерию шуҷоатмандӣ ва ҷонфидоиро дар роҳи ҳифзи якпорчагии Ватан ҷавонмардони бо нангу номуси кишварамон борҳо исбот сохтанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як сокини кишвар аст».

Сипас ба чанде аз афсарону сарбозоне, ки аз худ ҷасорату матонат нишон додаанд бо сипоснома ва маблағи пулии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қадрдонӣ карданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ, аз ҷониби санъаткорони мактаби мусиқии шаҳри Бохтар, суруду таронаҳои дилчасп баҳри фароғату истироҳати ҳайати шахсии қушунҳои сарҳадӣ пешкаш гардид.

You may also like...