Паёми табрикии Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид ба муносибати иди саиди Рамазон.

Ҳамватанони азиз!

Шуморо ба муносибати иди Саиди Рамазон, ки санаи 10 апрели соли 2024 ҷашн гирифта мешавад табрик менамоям.

Боиси каноатмандӣ ва саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки халқи азизамон дар фазоӣ сулҳу осудагӣ, ваҳдати комил ва руҳияи баланди созандагӣ зиндагӣ дорад.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкониятҳои бузургро фароҳам овард, ки арзишҳои маънавию динӣ ва мазҳабии мо боз ҳам таккомул ёфта, мардум бидуни монеа фаризаҳои динии худро амалӣ мегардонанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бамаврид гуфтаанд, ки «Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкорию қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро кавӣ мегардонад. Ин моҳи Шариф дар қалби одамон хоксорӣ ва сабру таҳаммулро ҷой намуда, вуҷуди инсонро бо назаргоҳи ҳусни адабу шукрона табдил медиҳад».

Худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву зиёдаравӣ ва исрофкориву оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ низ дар дини мубини ислом, бахусус дар моҳи шарифи Рамазон амали писандида ба шумор меравад. Аз ин сабаб муъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд.

Муҳимтарин хислати ин моҳи Шариф хамин аст, ки зоҳиру ботини фарди мусулмон бояд ягона бошад, сабру таҳаммул дар қалбу ҷисмҳо маркам ҷой гирад ва тамкину матонат инсонҳоро раҳнамо гардонад.

Ислом дини ибодату тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зуроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд.

Арзишу фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон инсонро ба роҳи рости, риояи адолату баробарӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зохиру ботин ҳидоят мекунад ва аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон гуфтаанд.

Хотирасон менамоям, ки баъди як моҳи тоату ибодат ва рузадори садақаи фитри он бояд ба хона-интернатҳо, маъюбону барчомондагон, кӯдакони ятиму

бепарастор, пирони яккаву танҳо, фақирон, ниёзмандон хонаҳои бачагон ва дигар табақдҳои эҳтиёдманд расонида шавад.

Итминон дорам, ки ин кори хайру савоб аз амалҳои ҳамешагии мардуми мо ба шумор рафта, дар ин корӣ хайр мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони саховатпешаю ҳимматбаланд, дигар ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми мардуми вилоятамон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи мо шоҳиди баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ дар мавзӯъҳои “Ҳаҷи фарзӣ ва Ҳаҷи умра”, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, пешгирии экстремизм ва терроризм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гаштем. Солҳои охир аз ҷониби баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори гайриинсонии онҳо ба обрӯи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷахонӣ иснод оварда истодааст.Худову расулро дар дил парастидан лозим, бо қалб ва бо эътикод.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ба ҳамаи Шумо аз даргоҳи Худованди бузург, пеш аз ҳама, тандурустиву саодати рӯзгор, оромишу осоиш, сӯлҳу ризоият ва хонаи ободу осударо орзу мекунам.

Иди саиди Рамазон, муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

You may also like...