БАРГУЗОРИИ «ДАВИ МИЛЛӢ» ВА «МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ» ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Ҳамасола дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ рӯзи 21 май дави оммавӣ баргузор мегардад. Ба ин хотир имрӯз дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар субҳи барвақт бо иштироки беш аз 6 ҳазор нафар иштирокдорони касбу кори гуногун аз ҷумла кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонону наврасон, сокинони шаҳр, собиқадорон, хонандагон, бонувон ва намояндагони васоити ахбори омма фаъолона иштирок намуданд. Дар чорабини муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иштирокдорони дави миллиро аз номи раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид шодбош гуфта, ба онҳо иштироки фаъолона ва солимии ҷомеаро таманно намуд. Пас аз табрикот марафони велосипедрони ва дави оммавӣ бо эълони доварон оғоз гардид. Дар аввал велосипедронҳо ба ҳусни чорабини таровати тоза бахшида, сипас кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ташкилоту муассисаҳои вилояти ва шаҳрӣ, инчунин дигарон бо эълони доварон ба давидан шурӯъ намуданд. Бояд гуфт, ки чорабини дар сатҳи баланд доир гардида, ғолибони дави оммавӣ бо ҷоизаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдони гардиданд.

You may also like...