ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА

ТАБРИКОТИ

ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА

Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва шахсан аз номи худам, Шумо ва тамоми кормандони мақомоти прокуратураро бахшида ба иди касбиатон табрик намуда, ба Шумо саломатию сарбаланди, саодати рузғор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули ба душ доштаатон бурдбориҳоро таманно дорам.

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат аст.

Ташаккули мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муайяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократӣ, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.

Дар замони Истиқлолияти давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз cap гузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ – конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муаӣян шуд.

Дар ин робита, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид. Аз ҳамин дидгоҳ, метавон гуфт, ки заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии кишвар боло рафт.

Ҳанӯз, дар айёми нооромиҳои кишвар ба баланд бардоштани нақши парокуратура дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои фаъолияти пурсамари он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомоти прокуратура тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд. Маҳз, бо назардошти аҳамияти ин рӯйдод 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон гардид.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми кормандони прокуратураро ба муносибати иди касбиашон муборакбод гуфта дар корҳои минбаъдаашон бурдборӣ ва муваффақиятҳои нав ба навро таманно менамоем.

Идатон муборак!

 

You may also like...