Табрикоти Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тамоми кормандони васоити ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик табрику муборакбод менамояд.

Ҳамагон хуб огоҳанд, ки 11 марти соли 1912 дар Бухоро аввалин рӯзнома бо унвони «Бухорои Шариф» ба забони тоҷикӣ нашр шуд ва ин сана ҳамчун зуҳури матбуоти тоҷик ҳамасола дар кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи матбуот ё худ рӯзи иди касбии рӯзноманигорон қайд карда мешавад.

Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ба матбуот чун тарғибгари сиёсати берунаю дохилии мамлакат, паҳнкунандаи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар иқтисодиёт, мусоидкунанда ба инкишофи иҷтимоию фарҳангии ҳаёти халқ баҳои баланд медиҳад. Зеро матбуоти тоҷик дар қатори дигар воситаҳои ахбори омма аз рӯзҳои аввали ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи ватанхоҳона гирифт, ба ташаккули худшиносиву худогоҳии халқ саҳми арзанда гузошт.

Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон ҷиҳати ташаккули афкори ҷомеа расонаҳои хабарӣ нақши муҳиму арзанда доранд. Имрӯз вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъулияти аҳли қалам беш аз пеш зиёд гардида, аз ҳар як корманди матбуот ва васоити ахбори омма тақоза менамояд, ки дар инъикоси воқеии масъалаҳои глобалӣ, хусусан дар интишори мақсад ва ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб маводҳоро нуктасанҷона пешниҳоди ҷомеа гардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб қайд кардаанд: «Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад».

Матбуоти тоҷик, ки таърихи ибратбахш дораду аз рӯзномаҳои «Бухорои шариф», «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» нахустмаҷаллаи тоҷикии «Оина» ибтидо мегирад, васфи истиқлол мекунад, музаффариятҳои кишварро дар даврони истиқлолият бо хатҳои заррин менависад. Таърихи пурпечутоби миллат, симои инсонҳои муътабари онро баъди асрҳо дар пеши назарҳо ҷавлон мезанонад. Вай ҷавлонгоҳи қаламкаш, ҳидоятгари мардум ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гаштааст. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 500 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба нашр расида, бо инъикоси мавзӯъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шуморо ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, дар зиндагӣ ва кору фаъолиятатон саодат ва пирӯзӣ хоҳонем.

Рӯзи матбуоти тоҷик муборак!

 

You may also like...