ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР ВА СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”

Имрӯз, 1-уми марти соли 2024 дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавӣ Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонанадагони литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр дар самти соҳаи иҷтимоӣ Қурбонзода Наргис, муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ёқубзода Сарфароз, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар подполковники милитсия Содирзода Нозимӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, муовини роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар Баротова Баргигул ва котиби мақомоти васояти парасторӣ Бобоев Хушқадам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз ҷониби муовини сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва дигар масъалаҳоро гуфта гузаштанд.

Ҳамчунин муовини сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра.

Муовини роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Бохтар дар мавзӯҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

You may also like...