САЛОМАТИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Сани 10 июли соли 2021 аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳр ситод оиди пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус COVID-19 баргузор гардид.
Дар ситод оиди пешгири аз бемории сироятии коронавирус Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Абдуллозода Фариза, муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шерали, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр Шарипова Шаъмигул ва Хоркашиён Муҳаммаднабӣ директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и шаҳр иштирок намуданд.
Сипас аз тарафи аъзоёни ситод дар кӯчаҳои шаҳр, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва аксияи иттилоотӣ бо тақсимоти маводҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои ҳимояви гузаронида шуд.
Дар аксияи мазкур зиёда аз 1000 адад ниқобу маводҳои иттилоотӣ ба шаҳрвандон тақсим карда шуд.

You may also like...