БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ ВАРЗИШГОҲИ “ПАХТАКОР”

Имрӯз, 1 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин

аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дидан намуданд.

Раиси вилоят бо нақшаи иншоот шинос гардида, таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ бояд дар фурсати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Дар доираи “Барномаи рушди футбол барои солҳои 2022-2026”, ки аз 3 декабри соли 2021, №516, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар пурра таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Варзишгоҳи “Пахтакор” аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят ва шаҳр бо маблағи 6 миллион сомонӣ бозсозӣ хоҳад шуд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дохили варзишгоҳ бомаром идома дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ бо усули муосири меъморӣ дар назар аст.

You may also like...