Сафари раиси шаҳри Бохтар, Саломзода Сиҷоуддин ба шаҳри Исфара

Санаи 3 майи соли 2021 тибқи дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.

Сараввал Саломзода Сиҷоуддин дар беморхона раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддинро аёдат намуда, сипас дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх аз оилаҳое, ки дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ санаи 29.04.21 вафот кардаанд дидан намуда, ба онҳо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз ҳисоби фитрӣ рӯзаи худ кӯмаки молиявӣ расонид.

You may also like...