Таҷлили рӯзи фалак дар Бохтари бостонӣ

    Фалак, яке аз беҳтарин ва куҳантарин санъати мусиқии миллати тоҷик ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз барои зинда нигоҳ доштани ин ҳунари воло ва ба он ҷазабаи хосса бахшидан ҳамасола 10 октябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи фалак” таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад имрӯз дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар, бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, муовинони раиси вилоят ва муовинони раиси шаҳри Бохтар, ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар назди ҷамъомадагон суханронӣ намуда тамоми ансамблҳои фалаксароён, ки дар қаламрави вилоят фаъолияти назаррас доранд ба ин рӯзи идашон табрику таҳният гуфта қайд кард, ки «Дар вилояти Хатлон аз соли 2002, инҷониб ансамбли давдатии фалаксароён дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб таъсис дода шуда, то ин ҷониб фаъолияти пурсамар доранд. Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки минбаъда мақому манзалати ин савти тоҷикӣ баланд бардошта хоҳад шуд.Тавре таъкид шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф доранд, ки фалакро низ гунаи чакану дигар арзишҳои миллӣ ба руйхати ёдгориҳои қадимаи Юнеско мавкеъ гузорад.Фалак аз қадимтарин мусиқии тоҷикон маҳсуб ёфта мавзӯъҳои фироқу дӯстдори ва шиква аз ҳаводиси гузаштаро фаро мегирад. Дар Тоҷикистон чандин навъи фалаксарои мавҷуд аст, ки ҳар минтақаи Ватан бо лаҳну шеваи хеш ин жанри мураккабро таҷриба мекунанд. Макони фалаксароён Хатлон аст, ки ҳар хурду бузурги ин ҷо аз нозукиҳои санъати фалакхони огаханд”. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба чанде аз фалаксароён ва санъаткорони шинохтаи вилоят ва шаҳри Бохтар туҳфаҳои хотирмон ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Барои аҳли толор барномаи рангини зиндаи фалакхони пешниҳод карда шуд. Аҳли ҳунари Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳри Бохтар бо пешниҳоди сурудҳои фалак хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.
Хадамоти матбуоти Раиси
шаҳри Бохтар

You may also like...