Паёми шодбошии раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Паёми шодбошии раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, ки барои тамоми мусулмонон айёми покӣ, парҳезгорӣ ва раҳмату мағфират маҳсуб мешавад. Ба ин муносибат тамоми мардуми шарафманди шаҳри Бохтарро самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадони шумо осоиш, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон таманно дорам.
Моҳи Рамазон инсонҳоро ба раҳму шафқат, накӯкориву саховатмандӣ ва парҳезгорӣ даъват мекунад. Ин моҳ на танҳо айёми ибодат ва рӯза, балки давраи баланд бардоштани маънавият, тақвияти меҳрубониву ҳамдардӣ ва кӯмак ба ниёзмандон низ мебошад. Ҳар як шахси хайрхоҳ метавонад бо анҷом додани амалҳои нек, аз қабили дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимон, муҳтоҷон ва камбизоатон, ба даст овардани ризои Худованд ва баракати зиндагии худ мусоидат намояд.
Шаҳри Бохтар имрӯз бо кӯшишу заҳмати мардуми заҳматкашу ватандӯст рушд мекунад. Дар чунин шароити осоишта ва пешрафта, ки истиқлолият ва фазои озоди эътиқодӣ муҳайё гардидааст, моро зарур аст, ки шукронаи ин неъматҳоро ба ҷо оварда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёрамон саҳмгузор бошем.
Бояд дар хотир дошт, ки Рамазон моҳи тарбияи нафсу ахлоқ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ дар ҷомеа мебошад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки аз ин моҳ ҳикмату сабақи бештар гирифта, бо сабру таҳаммул, хайрхоҳиву эҳтиром ва самимияту садоқат ба ҳамдигар муносибат намоем.
Бо таманнои рӯзгори ободу пурфайз, ба ҳар яки шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, тансиҳатӣ, имони комил, ризқи ҳалол ва бахту саодат орзумандам. Бигзор ин моҳи муборак барои ҳар як хонадон фатҳу нусрат, файзу баракат ва сулҳу оромӣ оварад!
Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад!