ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ФАЛАК ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи фалак, ки ҳамасола 10 октябр таҷлил мешавад, чорабинии ҷашнӣ доир гардид.
Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода шодбош гуфта, қайд намуд, ки дар сиёсати созандаю бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ҷойгоҳи хос дошта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат қарор дорад.
Дар баробари рушди дигар жанрҳои адабӣ-бадеӣ ва фарҳангӣ “Фалак” ва “Шашмақом” ҳамчун мусиқии суннатӣ соҳибмақом буда, аз фарҳанги волои миллати тоҷик дар масири таърих дарак медиҳад.
— Фалак яъне ормон, орзу, ишқ, муҳаббат, ифодакунандаи розҳо буда, аз даврони хеле дур дар байни мардум маҳбубият дорад, — зикр намуд Ф. Шарифӣ. — Инсонҳо тавассути ин жанр рози худро ба воситаи навозиши асбобҳои миллӣ, аз ҷумла дутор, най ҳамчунин тариқи шифоҳӣ баён менамоянд.
Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар баробари дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ “Фалак” ва “Шашмақом” мақоми хоса касб карда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007-ум инҷониб бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10-уми октябр Рӯзи Фалак дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн рамзи арҷгузорӣ ба санъати волои миллӣ буда, дар пешрафти ин риштаи фарҳанг нақши шоиста гузошта истодааст.
Пас аз ироаи сухани табрикӣ ба як зумра ҳунарпешаҳои ансамблҳои «Фалак», «Хутал» барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи фарҳанг ва ҳунар, иштироки фаъол дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбияи мутахассисони Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ҳамоиши идонаро барномаи ҷолиби фарҳангии аҳли ҳунар ҳусну шукӯҳ бахшид.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

You may also like...