КУШОДАШАВИИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ ДАР МТМУ №14

Санаи 19 сентябри соли 2023 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 – и маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар чор синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи синфхонаҳои таълимӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло, Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ иштирок намуданд.

Ҳамзамон мудири шуъбаи маориф Абдуназарзода Шоиста, мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳр Ишмуродов Ҳаким, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Қодиров Манучеҳр ва директорони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд.

Мавриди зикр аст, ки синфхонаҳои таълими ба талаботи замони муосир ҷавобгу буда, барои таълиму тарбия тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Дар кушодашавии синфхонаҳои таълимӣ раиси шаҳр, муовини раиси вилоят ва Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон баромад намуда, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф изҳори минатдори намуданд. Таҳкид намуданд, ки хонандагон ҷавобан ба ин заҳматҳои Пешвои миллат хубу аъло хонда дар оянда ба халқу ватанашон хизмат намоянд.

Сипас аз ҷониби хонандагони муассиса барномаи фарҳангӣ барои меҳмонон пешниҳод карда шуд.

You may also like...