Сада – мужда аз Наврӯз

Дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани идоракунии муҳоҷират ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ барои аҳолии маҳаллӣ ва афғонҳои кӯчонидашуда дар Осиёи Миёна ва Покистон” бахшиди ба ҷашни Сада чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.

Баргузории ҷашни мазкур аз ҷониби ТҶ “Ахтари бахт” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо мақсади ҳамбастагии ҷомеаи афғон ва аҳолии маҳаллӣ ташкил карда шуд.

Дар маркази майдони Теппаи Қӯрғон ҳамчун рамзи ҷашни Сада гулхан афрухта шуда, расму оинҳои фарҳангии аҷдодон ба ҷо оварда шуд.

Ҳамчунин маҳсули дасти ҳунармандон ба намош гузошта шуда, ки аз онҳо меҳмонон боздид намуданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, меҳмонон аз давлатҳои Исломии Афғонистону Эрон ташриф оварда, татбиқи босамари барномаи болозикрро дар тавсеаи муносиботи фарҳангии миллатҳои тамаддуни ориёӣ хусусан афғонҳову тоҷикон муҳим арзёбӣ кард.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳангӣ шаҳри Бохтар барномаи консертӣ пешкаш карда шуд.

You may also like...