ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТИИ БОХТАР ФУД – 2021

Субҳи 25 майи соли ҷорӣ дар боғи 70 – солагии водии Вахши шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии тиҷоратии Бохтар Фуд – 2021 бо иштироки  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти давлатии соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, мудирон ва аъзоёни ширкатҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Федератсияи Росиия, Белорус, Украина, Эрон, Литва, Туркия, Покистон, Грузия ва дигар кишварҳои дуру наздик баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки форуми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои рушд, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорию муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар афзоиши имконоту иқтидор, инчунин ҳаҷми содироти маҳсулот  ташкил ва роҳандозӣ гардид. Дар форуми мазкур молу маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Тазакур бояд дод, ки дар доираи ин форум ҳашт созишномаи ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатии соҳавӣ, соҳибкорон ва истеҳсолкунандагону содироткунандагони маҳсулоти озуқаворӣ баста шуд.

You may also like...