Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос карда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва зиндагии ободу осуда орзу намуданд.

Зимни таҳлилу баррасии вазъи феълии рушду тараққиёти бахшҳои ҳаётан муҳими шаҳр таъкид гардид, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи он ва фаъолияти самараноки роҳбарияти вилоят хеле ободу зебо шудааст.

Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳри Бохтар 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 730 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ҳоло дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ, беҳтаргардонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кумак ба оилаҳои осебпазир дар муқовимат ба вируси КОВИД-19 татбиқи 14 лоиҳаи дигар идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 190 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳо танҳо ба сармояи асосӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ гардида, 250 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 4000 ҷойи нишаст дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхона барои 300 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 730 нафар дар як баст ба истифода супорида шудаанд.

Мувофиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар бунёди 307 бинову иншоот пешбинӣ гардидааст. Дар давоми ду солу ҳафт моҳи охир бунёди 155 иншооту биноҳо ба анҷом расида, то охири сол ба истифода додани боз 60 иншооти дигар дар назар аст.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 ҷиҳати сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ 55 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 28 миллион сомонӣ ба кор андохта шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро дар самти назорати сари вақт ва мақсаднок аз худ кардани маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидани иншооту биноҳо ва истифодаи минбаъдаи самараноки онҳо тақвият бахшанд.

Имрӯз дар шаҳри Бохтар 49 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо ба 210 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 120 баробар афзудааст. Дар корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр беш аз 27 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва 7 номгӯи маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шуда истодааст.

Дар бист соли охир дар шаҳри Бохтар 23 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 650 ҷойи нави корӣ дар самти саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардида, ҳоло фаъолият доранд. Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби се корхонаи навтаъсис 135 ҷойи корӣ муҳайё карда шудааст.

Пешвои миллат Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонкӣ миллӣ, “Саноатсодиротбанк” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба манбаъҳои қарзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои шаҳр дар самти рушди соҳаи саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор карданд, ки минбаъд низ мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартибот, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ тавсеа бахшанд.

Дар охир Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси шаҳри Бохтар дар оянда низ бо заҳмати созанда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани зодгоҳи хеш ва Ватани маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Бохтар чанд тан аз иштирокчиёни мулоқот, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла Саломзода Мақсуд – корманди корхонаи “Трансформатор”, Амирзода Афсона Умар – донишҷӯ, Гадоев Бахтиёр – донишҷӯ ва Назарова Тутихон – собиқадор баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳои рӯзафзуни Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

   

You may also like...