МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати баҳории ҷавононро дар рӯзи аввал пурра иҷро кард

Шаҳри Бохтар нақшаи даъвати баҳории ҷавононро дар рӯзи аввал пурра иҷро кард

1 апрел шаҳри Бохтар дар рӯзи аввали даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи муқарраргардидаро 100 фоиз иҷро намуд. Ин дастовард нишон медиҳад, ки сокинони шаҳр бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба иҷрои қарзи шаҳрвандии худ муносибат менамоянд.

Масъулони комиссариати ҳарбии шаҳр қайд намуданд, ки ҷалби ҷавонон бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва дар фазои шаффофу ихтиёрӣ сурат гирифта, эҳсоси баланди ватандӯстии ҷавонон дар ин раванд нақши асосӣ дошт. Гуфта мешавад, ки аксари наваскарон бо майли худ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии худро барои адои хизмати ҳарбӣ изҳор намудаанд.

Раиси шаҳри Бохтар зимни мулоқот бо наваскарон таъкид кард, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо уҳдадории шаҳрвандӣ, балки мактаби мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан мебошад. Ӯ афзуд, ки ҷавонони шаҳри Бохтар ҳамеша дар иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандии худ намунаи ибрат буда, ҳисси баланди масъулиятшиносиро нишон медиҳанд.

Волидони наваскарон низ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо ба фарзандонашон ифтихор доранд ва боварӣ доранд, ки онҳо бо хизмати содиқонаи худ ба Ватан шараф хоҳанд овард.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома хоҳад ёфт. Дар ин давра, ҷавонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар хоҳанд шуд, ки ин яке аз марҳилаҳои муҳим дар таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *