Аёдати хонаводаи сарбози ҷонфидои Ватан Дадабоев Шӯҳрат дар шаҳри Бохтар
Аёдати хонаводаи сарбози ҷонфидои Ватан Дадабоев Шӯҳрат дар шаҳри Бохтар
Дар доираи ҷашни 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастуру ҳидоятҳои раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ хонаводаи афсари ҷонфидои Ватан Дадабоев Шӯҳратро аёдат карданд.
Зимни мулоқот бо пайвандони сарбози шуҷоъ, масъулин изҳори сипос намуда, ҷоннисории ӯро дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан арзёбӣ карданд.
Ба хонаводаи Дадабоев Шӯҳрат кӯмакҳои моддӣ расонда шуда, таъкид гардид, ки қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷои миллат ҳамеша пос дошта мешаванд.
Ташкили чунин аёдатҳо нишонаи қадрдонӣ аз ҷонфидоии афсарону сарбозони далери миллат буда, барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстонаи ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.