МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ Қарорҳои раиси шаҳри Бохтар Қонунҳо Маҷлиси вакилони халқ Мулоқотҳо Муовинон Паёму табрикот Рӯйдодҳо Сохтор Суханрониҳо Хабарҳо

ДАР БОХТАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР БОХТАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки васеи аҳолӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, ба ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тавсеаи варзиши оммавӣ нигаронида шудааст.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода баромад намуда, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштрокчиёни чорабинии мазкурро табрик намуда, бо ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва баргузории Дави миллӣ, чунин навъи чорабиниҳоро дар самти таҳкими сиҳатии омма, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва густариши фарҳанги варзиш дар ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.

Мусобиқаи Дави миллӣ субҳи имрӯз аз Майдони Исмоили Сомонӣ оғоз ёфта, дар он даҳҳо нафар сокинони шаҳр, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, бонувон ва калонсолон ширкат варзиданд. Иштирокчиён дар масофаҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, фазои шоду мусоиди варзишӣ ба вуҷуд оварданд.

Дар баробари сокинони маҳаллӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ низ фаъолона ба марафони варзишӣ ҳамроҳ шуданд. Қисмати дуюми чорабинӣ — марафони велосипедронӣ, низ бо ҷалби васеи ҷавонон баргузор гардид.

Мусобиқа дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» доир гардида, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар доир мегардад. Имсол ин рӯз ба санаи 18 май мувофиқат карда, 18-умин Дави миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола 23 май ҷашн гирифта мешавад ва Дави миллӣ яке аз маъракаҳои марказии ин ҷашнвора маҳсуб ёфта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир мегардад.

Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиёни фаъоли мусобиқа бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *