Идомаи вохӯриҳо бо усули “Мактаб ба мактаб” дар МТМУ №15-и шаҳри Бохтар
Идомаи вохӯриҳо бо усули “Мактаб ба мактаб” дар МТМУ №15-и шаҳри Бохтар
3 апрели соли 2025 дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо усули “Мактаб ба мактаб” вохӯрӣ бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Қурбонзода Наргис, мудири шуъбаи маориф , мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, муовини КАТС-и шаҳр ва дигар масъулин иштирок намуда, масъалаҳои муҳими иҷтимоиву маърифатиро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандон, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи маориф” таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Инчунин, масъалаҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии худкушӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза бо зӯроварӣ дар оила ва роҳандозии корҳои тозагиву ободонӣ муҳокима шуданд. Мутахассисони соҳа тавсияҳои муфид дода, хонандагон ва волидонро ба риояи маданияти шаҳрнишинӣ ва иштироки фаъолона дар рушди ҷомеа даъват намуданд.
Чунин мулоқотҳо дар доираи барномаи “Мактаб ба мактаб” дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ идома хоҳанд ёфт.