МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Рӯйдодҳо Хабарҳо

ДАР ШАҲРИ БОХТАР АКСИЯИ «ТОҶИКОНА МЕПЎШЕМ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

Таҳти ин унвон бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона имрӯз, санаи 16 марти соли равон дар майдони Нишони шаҳри Бохтар аксияи тарғиботи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид.

Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.

Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як пояи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо зебогиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард.

Вақте, сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан – модари тоҷик бо сару либоси хосаи зебо, ки дар ҳама давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт, пеши назар меояд, зеро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

 

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *