ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ
13 марти 2024
Бохтар.
ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ
Идомаи вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 12 марти соли ҷори дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №2-и шаҳр оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба маҳфилҳои фаннию ҳунармандӣ, варзишӣ инчунин фаъолияти Волонтёри, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.