МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Рӯйдодҳо Хабарҳо

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ БУҶЕТИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РОССИЯ – ТОҶИКИСТОН “

 

Имрӯз 6 марти соли 2024 дар толори муассисаи давлатии буҷетиии Россия – Тоҷикистон ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии идона бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Муминзод Абдулмаҷид Мубин, муовинон, мудири шуъбаи маориф, намояндагони муассиса, омӯзгорон, модарон баргузор гардид.

Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Муминзод Абдулмаҷид Мубин тамоми модарону бонувонро бо фарорасии иди Модар табрик намуда иброз доштаанд намуданд, ки фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рӯзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судмандро амалӣ гардонд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.

Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт, яъне барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохт.

 

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *