Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо кормандони зерсохтори бахш барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву гулгаштҳои шаҳр ҳашари дастаҷамъона ташкил намуданд.
Дар рафти корҳои ободонӣ раиси шаҳри Бохтар муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин иштирок доштанд.