МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Рӯйдодҳо Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ДУКОНҲОИ ФУРӮШИ ГУЛУ АРМУҒОН ДАР МАҲАЛЛАИ ВАҲДАТИ ШАҲРИ БОХТАР

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар, дар маҳаллаи Ваҳдат дуконҳои фурӯши гулу армуғон барои намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷиву дохилӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон иштирок намуда, бо шароити фароҳамгардида аз наздик шинос шуданд.
Зикр гардид, ки дуконҳои фурӯши гулу армуғон бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағи умумии 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, дар онҳо намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳои миллӣ ва маҳсулоти ороишӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ин иқдом ба рушди ҳунарҳои суннатӣ, боло бурдани ҳисси зебоипарастӣ дар ҷомеа ва ҷалби сайёҳони хориҷиву дохилӣ мусоидат менамояд.
Бо ба истифода додани дуконҳои фурӯши гулу армуғон 16 нафар сокинон ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ташаббуси соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдомҳо дар ободонии шаҳр, ташаккули муҳити фарҳангӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим доранд. Зимнан, барои тарғиби зебоипарастӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба соҳибкорон ва масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки минбаъд низ дар шаҳри Бохтар бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ идома ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба меҳмонону сайёҳон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *