ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” НАСИБИ 26 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ВА 2 ШОҲҶОИЗА ГАРДИДАНД
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи илмомузӣ, забондонӣ, андӯхтани донишу маърифат, ҳисси ватандустию ватанпарастӣ ва эҳтиром ба сарзамини зебои Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаббусҳои сатҳи баланд роҳандозӣ гардида истодааст, ки мисоли возеҳ ба ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” арзёбӣ шуда, шуруъ аз соли 2019 инқилоби маънавиро дар соҳаи илму маърифат ва фарҳангу ҳунар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ба миён овардааст.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки сатҳи баргузории даврҳои гуногуни озмун сол то сол баланд гардида, чеҳраҳои нави суханвару сухандон, донишманду соҳибзавқ дарёфт ва муаррифӣ мегарданд.
Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳои зикршуда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, дар маҷмӯъ 1 миллиону 831 ҳазор сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 258 ҳазору 125 сомонӣ зиёд мебошад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо мақсади тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар ба роҳ монда шуд.
Таҷрибаи соли аввали озмун нишон дод, ки он воқеан сабқате мебошад, ки барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори классикону муосирони адибони тоҷику форс миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон мусоидат мекунад.
Соли равон дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 111 037 нафар, даври вилоятӣ 957 нафар иштирок намуда, 90 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Имрӯз, 4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст.
Довталабони вилояти Хатлон имсол ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуда, 28 нафар (31%-и иштирокчиён) ғолибият ба даст оварда, тавонистанд аз ҳама нишондоди баландтаринро дар солҳои баргузории озмун ба даст оварда, соҳиби 2 ШОҲҶОИЗА, 3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 17 ҷойи сеюм гарданд.
Натиҷаҳои умумии озмун чунинанд:
– шаҳри Душанбе — 28 ҷой,
– вилояти Суғд — 23 ҷой ва 1 Шоҳҷоиза,
– НТМ — 6 ҷой ва 1 Шоҳҷоиза,
– ВМКБ — 7 ҷой.
Соли гузашта довталабони вилояти Хатлон сазовори 33 ҷой ва 2 Шоҳҷоиза гардида, баъди шаҳри Душанбе мақоми дуюмро ишғол намуда буданд.
Бо эълон гардидани “Соли 2025 — Соли фарҳанги китобхонӣ” дар қаламрави вилояти Хатлон довталабони мо тавонистанд дар соли ҳафтуми баргузории ин озмуни бошукӯҳ боз ҳам пешсаф гарданд.







