МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Боздидҳо Мулоқотҳо Паёму табрикот Рӯйдодҳо Сохтор Суханрониҳо Хабарҳо

Котиби матбуотии шаҳр “Беҳтарин котиби матбуотӣ” дар вилояти Хатлон дониста шуд

Котиби матбуотии шаҳр “Беҳтарин котиби матбуотӣ” дар вилояти Хатлон дониста шуд
Имрӯз дар озмуни вилоятии “Неруи сухан”, ки бо мақсади рушди матбуоти вилоятӣ ва қадршиносии беҳтарин намояндагони ин соҳа баргузор гардид, котиби матбуотии раиси шаҳри Бохтар Набиҷони Саидаброр дар номинатсияи “Беҳтарин котиби матбуотӣ” сазовори мақоми аввал гардид.
Возможно, это изображение 4 человека и текст «。 Aиnлomи 1500»
Ин пирӯзии шоиста бо ҷоизаи Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид қадрдонӣ шуда, аз фаъолияти пурсамар ва саҳми назарраси ӯ дар тарғиби сиёсати давлатӣ, инъикоси воқеии ҳаёти иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи иттилоотии ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар миннатдории самимии худро ба роҳбарияти вилояти Хатлон, бахусус ба Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид, барои таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаи матбуот ва қадршиносии меҳнати кормандони ин соҳа баён менамояд. Дастгирии пайвастаи роҳбарияти вилоят имконият медиҳад, ки фаъолони матбуот бо рӯҳбаландӣ ва масъулияти бештар ба пешбурди кори худ машғул шаванд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *