Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми табрикотии раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам афсарону сарбозон, собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мо бо ифтихор 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин ниҳоди муқтадири давлатӣ дар даврони Истиқлолияти миллӣ ташкил ёфта, бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як сипари боэътимоди давлат ва миллат табдил ёфтааст.
Ба ин муносибат ҳамаи ҳомиёни марзу буми кишвар, афсарону сарбозони шуҷоъ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу муваффақият ва иродаи қавӣ дар роҳи ҳимояи Ватан орзу менамоям.
Таърихи ташаккули Артиши миллии мо гувоҳи он аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳама марҳилаҳои тақдирсоз рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, барои таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти давлат қаҳрамониҳои зиёд нишон додаанд. Маҳз дар заминаи талошҳои шабонарӯзии ҳомиёни содиқи Ватан имрӯз сулҳу оромӣ дар кишвар пойдор буда, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар байни афсарону сарбозони қувваҳои мусаллаҳи кишвар фарзандони содиқи шаҳри Бохтар низ фаъолона адои хизмат намуда, садоқати худро ба Ватан бо амалҳои шоиста нишон додаанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шароити хизматии афсарону сарбозон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо дастгирии Пешвои миллат, аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 фоиз зиёд карда мешавад, ки ин нишонаи аёни таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлат нисбат ба ҳомиёни сарсупурдаи Ватан аст.
Имрӯзҳо, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ афзоиш ёфтаанд, масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ боз ҳам бештар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як афсару сарбоз бояд ҳамеша омодаи иҷрои вазифаҳои касбӣ бо садоқат ба миллату давлат ва бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бошад.
Бо итминони комил изҳор менамоям, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ рисолати таърихии худро бо шараф адо намуда, ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат барои таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик хидмат мекунанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи Шуморо бори дигар бо Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иродаи қавӣ ва муваффақиятҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан таманно дорам.
Рӯзи ҳомиёни далеру шуҷои Ватан муборак бошад!