МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Боздидҳо Рӯйдодҳо Хабарҳо

Раиси шаҳри Бохтар аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Майдони 70-солагии Водии Вахш боздид намуд

 

Имрӯз раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Майдони 70-солагии Водии Вахш боздид ба амал овард. Ҳадафи ин боздид шиносоӣ бо сатҳи пешрафти корҳо, баррасии мушкилоти эҳтимолӣ ва таъкид ба анҷоми босифати сохтмон дар муҳлати муқарраршуда буд.

Дар ҷараёни боздид, раиси шаҳр бо масъулони сохтмон ва кормандони ширкатҳои иҷрои кор мулоқот намуда, ҷараёни корҳои анҷомёфтаро таҳлил кард. Ба иттилои масъулон, айни ҳол корҳои сохтмонӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расида, бештар ба зебосозӣ ва ороиши атроф равона шудаанд.

Дар доираи корҳои ниҳоӣ, дар ҳудуди майдон шинонидани гулу буттаҳои мавсимӣ ва насби унсурҳои ороишӣ ҷараён дорад. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи хосса ба муҳандисии рӯшноидиҳии майдон, рафҳои нишаст ва дигар инфрасохтори муҳими барои шаҳрвандон мусоид равона шудааст.

Раиси шаҳр Абдулмаҷид Муминзод зимни боздид таъкид кард, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир анҷом дода шаванд. Ӯ ҳамчунин масъулонро вазифадор намуд, ки то муҳлати муайяншуда корҳоро пурра ба анҷом расонанд ва барои ободу зебо намудани ин макони таърихӣ саъйи бештар намоянд.

Масъулони сохтмон таъкид карданд, ки ҳамаи корҳо тибқи нақша пеш рафта, барои анҷоми онҳо тамоми имкониятҳо мавҷуданд.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *