4-уми ноябри соли 2025, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Дар он аз рӯйи чор номинатсияи озмун — кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон беҳтаринҳо муайян шуда, 4 нафар довталаби арзанда сазовори Шоҳҷоиза гаштанд.
Боиси ифтихор ва шодмонии мардуми вилоят аст, ки ду Шоҳҷоизаи озмун ба вилояти Хатлон омад. Тибқи хулосаи комиссияи озмун:
Анӯшервон Раҳимов, донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Данғара, дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ” бо нишон додани маҳорати баланди дониш сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Табассуми Ҷиёнхон, хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Муъминобод, дар номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” ба гирифтани Шоҳҷоиза мушарраф шуд.
Соли ҷорӣ аз шумораи умумии ғолибони ҷумҳуриявӣ-16 нафар ҷойи аввал, 15 нафар барои дарёфти Шоҳҷоиза ариза пешниҳод намуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ миёни ҳам рақобати шиддатнок намуданд.
Вилояти Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои бузурги кишвар маркази бою пурғановати илму фарҳанг ва китобдӯстӣ ба шумор меравад. Ҳамасола садҳо наврасону ҷавонон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо донишу малакаи баланд ифтихори вилоят ва Тоҷикистон мегарданд.
Ба даст овардани ду Шоҳҷоиза дар озмуни имсола низ далели равшани ин аст, ки насли навраси Хатлон роҳи маърифат, таҳсилу хондан ва худшиносиро дар меҳвари зиндагӣ қарор додааст.










