Ҷашни Тиргон – рамзи худшиносӣ, сабзиш ва меҳру вафост
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон, фарорасии ҷашни бостонии Тиргонро, ки бо хоси фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонбинии табиатдӯстонаи ниёгонамон тавъам аст, ба кулли сокинони шарафманди шаҳри Бохтар ва мардуми меҳнатқарини тоҷик самимона табрик менамоям.
Ҷашни Тиргон яке аз ойинҳои суннатии миллати тамаддунофари тоҷик маҳсуб шуда, садсолаҳо боз ҳамчун рамзи покиву ростӣ, ободиву сабзиш, дӯстиву ваҳдат ва эҳтиром ба табиат таҷлил мегардад. Шукргузор аз онем, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки гузаштагон эҳё гардида, ҷашнҳои миллӣ аз нав мақоми хоси маънавӣ пайдо кардаанд.
Имрӯз сокинони шаҳри Бохтар низ ин ҷашни зебову пурмуҳтаворо бо рӯҳи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ таҷлил мекунанд. Обпошиву хонатозакунӣ, оростани дастархони идона, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва тарғиби арзишҳои волои инсонӣ – ин ҳама бахшҳои ҷудонопазири таҷлили Тиргон мебошанд, ки фазои идона ва маънавии ҷомеаро ранги тоза мебахшанд.
Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, ҷашнҳои миллӣ омили таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносии фарҳангӣ ва пайванди мустаҳками наслҳо мебошанд. Ҷашни Тиргон низ на танҳо рамзи обу сабзиш, балки пайванди маънавии дирӯзу имрӯзу фардои мост, ки моро ба асли хеш – фарҳанги неку созандаву инсонгарои миллатамон мепайвандад.
Дар шароити имрӯза, ки масъалаи об ва муҳити зист ба мавзӯи мубрами ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, гиромидошти ҷашне чун Тиргон ба маънои эҳтиром ба захираҳои табиӣ, эҳсоси масъулият дар назди наслҳои оянда ва ҳифзи муҳити зист мебошад. Мо, сокинони шаҳри Бохтар, низ бояд истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи муҳити зистро ба як меъёри зиндагӣ табдил диҳем.
Ҳамшаҳриёни муҳтарам!
Фарорасии ҷашни бостонии Тиргон ба ҳамаи шумо файзу баракат, шодиву сарбаландӣ ва тавфиқи рӯзгори ободу осоиштаро арзонӣ дорад. Бигзор ин ҷашни сабзу зебо, чун рамзи эҳёи маънавӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳо, ба хонадони ҳар як бохтарӣ рӯшноиву гармӣ ва баракат оварад.
Ҷашни Тиргон муборак бошад!