ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АБДУЛМАҶИД МУМИНЗОД БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ «УРГУТМАҲАЛА»

Бо мақсади дарёфти мушкилоти мавҷуда ва тақвияти ҳамкории миёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаҳр бо аҳолӣ, 10 июни соли равон вохӯрии навбатии раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод бо сокинони маҳаллаи «Ургутмаҳала» баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовинони раиси шаҳр, масъулини сохторҳои дахлдор, вакилони маҳалла, пирони рӯзгордида ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Раиси шаҳр зимни суханронии худ иброз дошт, ки мақомоти маҳаллӣ пайваста барои баррасии арзу муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. Қайд гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо заминаи мусоид барои рушди маҳал ва тақвияти ҳамкории дуҷониба мебошад.
Сокинон дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рӯзмарраро, аз ҷумла набудани муассисаи томактабӣ дар маҳалла, ҳолати инфрасохтор, таъминоти об ва дигар мушкилоти иҷтимоиро ба миён гузоштанд.
Масъалаи набудани кӯдакистон дар «Ургутмаҳала» ҳамчун яке аз мушкилоти асосӣ матраҳ гардид. Сокинон иброз доштанд, ки дар маҳалла муассисаи томактабӣ фаъолият намекунад ва ин ҳолат барои таълиму тарбияи фарзандони синни томактабӣ мушкилоти муайян эҷод намудааст.
Раиси шаҳр пас аз шунидани арзу пешниҳодҳои сокинон ба масъулини дахлдор супориш дод, ки масъалаҳои зикршударо мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода, барои ҳалли онҳо дар муҳлатҳои муайяншуда чораҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба сохтмони кӯдакистон дар маҳалла, роҳбари шаҳр изҳор дошт, ки масъала мавриди таҳлил қарор дода шуда, аз рӯйи натиҷаҳои баррасӣ чораҳои мушаххас амалӣ хоҳанд шуд.
Дар интиҳои вохӯрӣ сокинон барои дастгирии пайваста ва таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр изҳори миннатдорӣ намуда, баргузории чунин вохӯриҳоро барои рушди ҳаматарафаи маҳалла ва таҳкими робитаи байни халқ ва ҳокимият муҳим арзёбӣ карданд.