ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавонони гиромӣ,
Насли созанда ва ояндасози Ватан!
Ҳамасола санаи 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шаҳомат ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ва самимии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва саҳми арзишманди онҳо дар рушду ободии Ватани азизамон мебошад.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо — ҷавонони пурғайрату ватандӯст ва фардосози шаҳри Бохтарро бо Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хиради баланд, рӯҳу илҳоми созанда ва пирӯзиҳои навин орзу менамоям.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба таҳсил, касбомӯзӣ, варзиш, илм, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Мо, дар мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар низ, ин ҳидоятҳоро сармашқи фаъолият қарор дода, барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон пайваста тадбирҳо меандешем.
Айни замон зиёда аз 35 фоизи аҳолии шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нерӯи созанда ва иқтидори бузурги инсонӣ, дар ҳамаи самтҳо — аз донишандӯзӣ то фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ, саҳми назаррас мегузорад.
Бо мақсади таҳкими нақши ҷавонон дар ҷомеа ва дастгирии иқдомҳои созанда, дар шаҳри Бохтар як қатор барномаҳо амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, таъсиси марказҳои ҷавонон, ташкил ва баргузории чорабиниҳои тарбиявӣ, маърифатӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба анъана табдил ёфтааст. Инчунин, ҳамасола даҳҳо ҷавонони фаъолу лаёқатманд ба стипендияи раиси шаҳр ва дигар ҷоизаҳои шаҳриву вилоятӣ сазовор мегарданд.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони Бохтар дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фуруғи маърифат” ва дигар сабқатҳои муҳими зеҳнӣ бо гирифтани ҷойҳои намоён, шаъну эътибори шаҳрро баланд бардоштаанд.
Ҷавонони азиз!
Шумо насли ба Ватан содиқу ояндасозед. Ҳукумати маҳаллӣ ба неруи зеҳниву ҷисмонии шумо такя карда, кӯшиш менамояд, ки имкониятҳо барои рушди шахсияти ҳар як ҷавон фароҳам бошад. Дар баробари таҳсил ва касбомӯзӣ, масъалаи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба падидаҳои номатлуб бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи шумо қарор дошта бошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар даъватҳои охир ҷавонони бохтарӣ собит намуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва садоқат ба давлату миллат омодаи хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мо дар оянда низ сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, барои ҷалби бештари онҳо ба самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ, илм, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони шаҳри Бохтар дар радифи ҷавонони сарбаланди кишвар ба Пешвои миллат содиқ монда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди устувори ҷомеа ҳиссагузори фаъол хоҳанд буд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, Шумо — фарзандони азизи миллатро бо иди Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар якатон тандурустӣ, саодати рӯзгор ва дар роҳи ободии Ватан барору комёбиҳои пайдарпай орзу менамоям.
Ҳамеша сарбаланду созанда бошед, ҷавонони шарафманди шаҳри Бохтар!