МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ БОХТАР

Бе Категория Мулоқотҳо Рӯйдодҳо Суханрониҳо Хабарҳо

Фестивали бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии “Вахш” баргузор шуд

Фестивали бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии “Вахш” баргузор шуд

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳри Бохтар як чорабинии варзишию фарҳангии пуршукӯҳ баргузор гардид, ки садҳо нафар дӯстдорони футбол, варзишгарон, кӯдакон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам овард.

Ин фестивал бо ташаббуси Клуби футболи “Вахш” ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардида, ба ифтихори 25 май — Рӯзи ҷаҳонии футбол доир шуд. Дар он сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, муовини якуми раиси шаҳр, аъзои дастаи футболи “Вахш”, мураббиён, кӯдакон ва ҷавонони сершумори шаҳр иштирок намуданд.

Фестивал бо сухани ифтитоҳии муовини якуми раиси шаҳр оғоз ёфт. Ӯ аз номи роҳбарияти шаҳр тамоми иштирокчиёнро бо Рӯзи ҷаҳонии футбол табрик гуфта, аз нақши футбол дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, ваҳдату дӯстӣ ва рушди кӯдакону ҷавонон сухан ронд.

Ҳамин тавр, ҷараёни фестивал бо бозиҳои намоишии кӯдакон, машқҳои кушоди варзишӣ, озмунҳои шавқовар ва баромадҳои варзишии наврасон ғанӣ гардид. Тамоми кӯдакони ширкаткунанда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд, ки ин иқдом ба рӯҳбаландии онҳо таъсири мусбат расонд.

Дар ҳошияи чорабинӣ Ҳикматулло Шамсуддинов, иҷрокунандаи вазифаи директори дастаи “Вахш”, зимни суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт:
«Эълон шудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ибтикори Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ як рӯйдоди таърихӣ аст. Ин ташаббус на танҳо барои футболбозони мо, балки барои тамоми ҷомеаи варзишии кишвар нерӯи нав мебахшад. Мо ҳамчун дастаи таърихии кишвар худро масъул медонем, ки дар роҳи рушди футбол, тарбияи насли ҷавон ва боло бурдани маҳорати бозигарон қадамҳои ҷиддӣ гузорем».

Чорабинии мазкур нишон дод, ки футбол ҳамчун варзиши дӯстдоштаи мардумӣ, нақши калидӣ дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти солим, таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ дорад. Мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти Клуби “Вахш” изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ пайваста баргузор хоҳанд шуд ва тамоми шароит барои рушди футбол дар сатҳи маҳалл фароҳам оварда мешавад.

LEAVE A RESPONSE

Your email address will not be published. Required fields are marked *